“Манчестер Сити” дар роҳи муваффақияти таърихӣ

“Манчестер Сити” дар роҳи муваффақияти таърихӣ

Дастаи «Базел»-и Шветсария дар бозиҳои гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо аз Англия як рақиб дошт ва он «Манчестер Юнайтед» буд. Ҳарчанд шветсариягиҳо дар хонаашон бар дастаи “МЮ” ғалаба карданд, аммо ин барои ишғоли зинаи аввал дар гурӯҳ кофӣ набуд.   Акнун дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо “Базел” бо «Манчестер Сити» рақобат хоҳад кард. Дар ин ҷуфт бартарӣ ҷониби дастпарварони Пеп Гвардиола аст. “Базел” дар Чемпионати Шветсария яке аз тимҳои пуркувват ба ҳисоб меравад, аммо ин тим дар сабқатҳои аврупоӣ нишондоди назаррас надорад. Дар ин миён бо дастае рӯ ба рӯ хоҳад гашт, ки муддаии асосӣ барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар Чемпионати Англия ба ҳисоб меравад. «Манчестер Сити» аз дастаи ишғолкунандаи зинаи дуюм бо тафовути 16 имтиёз пешсаф аст. Дар ин мавсим «Манчестер Сити» дар 26 даври ПЛА танҳо як маротиба шикаст хурдааст. Ин шикасти нахусти “шаҳриҳо” рӯзи  14 январи соли ҷорӣ дар бозӣ ба муқобили   “Ливерпул” ба миён омада буд. «Манчестер Сити» дар тӯли мавҷудияти хеш аз даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо болотар нарафтааст, аммо ҳайате, ки Гвардиола ҷамъоварӣ намудааст, на танҳо имкони такрори он балки ба даст овардани нахустин ҷоизаи ин мусобиқоти бонуфузро дорад. Бозӣ байни бошгоҳҳои “Базел” ва “Манчестер Сити” имшаб соати 00:45 ба таври зинда дар ТВ “Футбол” пахш мешавад.