Марҳилаи интихобии ЧҶ-2018 дар рақамҳо

Марҳилаи интихобии ЧҶ-2018 дар рақамҳо

Марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 дар таърихи мусобиқа дарозтарин дониста шуд. Барои баъзе дастаҳо роҳ ёфтан ба марҳилаи финалӣ бисёр осон даст дод, баъзе дастаҳо бо душворӣ ин ҳақро ба даст оварданд ва баъзе дастаҳои беҳтарин ба ҶҶ-2018 роҳ наёфтанд. Аз 209 дастаи мунтахаб, ки дар марҳилаи интихобӣ бозӣ карданд, фақат 31 даста ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифта, ба тими мизбон – Россия пайвастанд.

Федератсияи ҷаҳонии футбол баъд аз анҷоми марҳилаи интихобӣ баъзе рақамҳоро пешниҳод кардааст.

БОЗӢ ВА РЕКОРДҲО

Дар марҳилаи интихобии ЧҶ-2018 871 бозӣ баргузор шуд, ки рекорди нав аст. Аввалин вохӯрӣ 12 марти соли 2015 дар Осиё, охирин – 15 ноябр дар Перу доир гардид.

Дастаи мунтахаби Испания 63 бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳонро бе бохт пушти сар кардааст. Ин тим имкон дорад, дар марҳилаи интихобии ЧҶ-2022 ин рақамро бештар кунад. Аз пайи испаниҳо тими мунтахаби Нигерия меравад, ки дар 36 бозӣ пайиҳам шикаст нахурдааст.

Тими мунтахаби Австралия дар марҳилаи интихобии ЧҶ-2018 22 бозӣ кардааст. Ин тим рекорди қаблии дастаҳои Гондурас ва Тринидад ва Тобагоро такрор кард, ки дар марҳилаи интихобии ЧҶ-2002 ҳамин қадар бозӣ карда буданд.

ДАСТАҲО

4 даста бори аввал дар марҳилаи интихобии ЧҶ бозӣ карданд: Бутан, Гибралтар, Косово ва Судани Ҷанубӣ.

 

Аз 8 қаҳрамони ҷаҳон 7-тояш тавонистанд ба марҳилаи финалии ЧҶ-2018 роҳ ёбанд: Бразил, Олмон, Фаронса, Испания, Уругвай, Англия ва Аргентина. Ягона қаҳрамони ҷаҳон, ки ба марҳилаи финалӣ роҳ наёфт, тими мунтахаби Италия мебошад. Италия бори аввал баъд аз 60 сол дар марҳилаи финалии ЧҶ бозӣ намекунад. Итолиёҳо дар ЧҶ-1958, ки дар Шведсия баргузор шуд, ширкат накарда буданд. Боз ҳам маҳз шведҳо роҳи Италияро ба Россия бастанд.

21-ум чемпионат дар Россия барои тими мунтахаби Бразилия 21-ум аст. 28 марти соли 2017 Бразилия аввалин шуда ба марҳилаи финалии ЧҶ-2018 роҳхат гирифт. Ба ғайр аз ин Бразилия ягона даста мебошад, ки дар ҳамаи чемпионатҳои ҷаҳон иштирок кардааст. Қаҳрамони феълии ҷаҳон – Олмон 17-ум маротиба пайиҳам иштирокчии ЧҶ аст.

20 тим аз 32 дастае, ки дар ЧҶ-2018 ширкат мекунанд, иштирокчии ЧҶ-2014 дар Бразил буданд. Аз панҷ дастае, ки қораи Африқоро дар Бразил намояндагӣ карда буданд, танҳо Нигерия дар ЧҶ-2018 ширкат мекунад.

Баъд аз 36 сол тими мунтахаби Перу боз дар марҳилаи финалии ЧҶ бозӣ мекунад. Ин тим бори охир соли 1982 дар ЧҶ ширкат карда буд. Камтар аз ин муҳлат дастаҳои Миср (28 сол, аз ЧҶ-1990 дар Италия) ва Марокаш (20 сол, аз ЧҶ-1998 дар Фаронса) дар марҳилаи финалӣ иштирок накарда буданд.

Гол ва голзанҳо

Дар марҳилаи интихобӣ 2457 гол зада шудааст. Аввалин голро ҳамлагари тими Тимори Шарқӣ Кито дар вохурӣ бо Муғулистон 12 марти соли 2015 сабт намудааст. Муаллифи охирин голи мусобиқа ҳимоятгари тими Перу Кристиан Рамос мебошад, ки 15 ноябри 2017 дар дидор бо дастаи Зеландияи Нав голи дуюми дастаашро зад.

Ғалаба бо ҳисоби калон ба тими Қатар марбут аст, ки дар даври дуюми марҳилаи интихобии Осиё ба дарвозаи тими Бутан 15 голи беҷавоб зад.

Бо 16 гол футболбозони зерин беҳтарин зарбазанҳои марҳилаи интихобии ЧҶ-2018 гардиданд:

  • Муҳаммад Саҳлавӣ (Арабистони Саудӣ)
  • Аҳмад Халил (АМА)
  • Роберт Левандовский (Полша). Ӯ дар номаш 3 хет-трик дорад

Ду футболбоз дар як бозӣ аз ҳама бисёр (5) гол задаанд:

  • Муҳаммад Саҳлавӣ (Арабистони Саудӣ) дар бозӣ бо Тимори Шарқӣ
  • Карлос Руис (Гватемала) дар дидор бо тими мунтахаби Сент-Винсента ва Гренадин

Бозингарони намоён:

  • Ҷавонтарин муаллифи гол: Аҳмад Сарорӣ (Яман) — 17-сола
  • Калонсолтарин муаллифи гол: Пабло Эскобар (Боливия) — 38-сола

Бозингарон:

  • Ҷавонтарин: Энтони Ликилики (Тонго) — 16-сола
  • Калонтарин: Дади Аристид (Теркс ва Кайкос) — 45-сола