Маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои футболи тоҷик

Маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои футболи тоҷик

Маросими тақдими ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба беҳтаринҳои мавсими соли 2017 рӯзи шанбеи 23-юми декабр дар Душанбе, дар маҷмааи фарҳангии “Кохи Наврӯз”, баргузор мешавад. Дар ин маросим ғолибон аз рӯи беш аз 20 номинатсия – беҳтарин футболбоз, мураббӣ, довар ва дигар номзадҳои мавсими 2017 - бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд.