Маросими қуръапартоии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2024 баргузор гардид

Маросими қуръапартоии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми  Тоҷикистон-2024 баргузор гардид

1-уми май, дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и пойтахт маросими қуръапартоии марҳилаи муқаддамотии 1XBet – Ҷоми Тоҷикистон-2024 бо иштироки ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ва роҳбарону мураббиёни дастаҳои иштирокчӣ доир шуд.

Дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқа 13 дастаи Лигаи якуми кишвар барои 4 роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа мубориза мебаранд. Аз сабаби тоқ будани шумораи иштирокчиён як даста ибтидо озод монда, баъдан бо ғолиби яке аз ҷуфтҳо мубориза мебарад.

Дар натиҷаи қуръапартоӣ дастаҳо чунин рақами тартиби бароварданд:

1. Душанбе (Душанбе)

2. Саразм (Панҷакент)

3. Парвоз (Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд)

4. Шодмон (Ҳисор)

5. Исфара (Исфара)

6. Сардор (Турсунзода)

7. Моҳир (Ёвон)

8. Сомон (Данғара)

9. Ҳулбук (Восеъ)

10.   Сарҳадчӣ (Ҳамадонӣ)

11.   Саройкамар (Панҷ)

12. Ёқут (Ваҳдат)

13. Файзканд (Восеъ)

Ҳамин тариқ дастаҳо дар марҳилаи муқаддамотӣ ба таври зайл бозӣ мекунанд:

1.“Душанбе” – 2.“Саразм” (ғолиб мустақиман ба даври 1/8-ниҳоии мусобиқа мебарояд)

3“Парвоз” – 4.“Шодмон” (ғолиб мустақиман ба даври 1/8-ниҳоии мусобиқа мебарояд)

5.“Исфара” – 6.“Сардор” / 7.“Моҳир” – 8.“Сомон” (ғолиби ҷуфти 5-6 зидди ғолиби ҷуфти 7-8 барои баромадан ба марҳилаи 1/8-ниҳоии мусобиқа бозӣ мекунанд)

9. “Ҳулбук” – 10.“Сарҳадчӣ”

11.“Саройкамар” – 12.“Ёқут” (ғолиби ҷуфти 11-12 бо 13.“Файзканд” бозӣ мекунад; ғолиби 11-12/13 бо ғолиби ҷуфти 9-10 барои баромадан ба марҳилаи 1/8-ниҳоии мусобиқа бозӣ мекунанд)

Бозиҳо рӯзҳои 10-12-уми май баргузор мегарданд.