Медалҳои нуқраи чемпионати Лигаи якуми футбол ба дастаи «Саройкамар» супурда шуданд

Медалҳои нуқраи чемпионати Лигаи якуми футбол ба дастаи «Саройкамар» супурда шуданд

Медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи якум дирӯз дар маросими тантанавӣ ба футболбозони дастаи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ супорида шуданд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад. «Саройкамар» таҳти роҳбарии Идибек Ғаффоров аз 24 вохӯрии мавсими соли 2016 дар 18 вохӯрӣ ғалаба карда, ду бозиро мусовӣ анҷом дод. Ҳамагӣ дар 4 дидори дигар ба мағлубият рӯ ба рӯ шуд ва соҳиби 56 имтиёз гардид. Футболбозони ин даста аз дастаи ғолиб-«Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамагӣ 3 имтиёз кам гирифтанд. Медалҳоро намояндагони расмии ФФТ дар ноҳияи Панҷ ба футболбозони «Саройкамар» тақдим карданд. Ёдовар мешавем, ки «Саройкамар» чун «Панҷшер» ба бозиҳои мавсими соли 2017 и Лигаи олӣ роҳхат гирифтааст ва дар сурати гирифтани литсензия ба қатори дастаҳои Лигаи олӣ шомил хоҳад шуд.