Месси дар қатори 10 нишонзани беҳтарини Ҷоми Испания

Месси дар қатори 10 нишонзани беҳтарини Ҷоми Испания

Ҳамлагари дастаи “Барселона” Лионел Месси бо ду голи задааш дар бозӣ бо дастаи “Селта” дар доираи бозиҳои 1/8 финалии Ҷоми Испания ба қатори 10 нишонзанҳои беҳтарини таърихи Ҷоми Испания дохил шуд. Футболбози Аргентинии 30 сола дар дақиқаҳои 12 ва 15-уми дидор, ду голро ба дарвозаи “Селта” ворид намуда, дар таърихи Ҷоми Испания номи худро сабт намуд. Ин голҳои 45 ва 46-уми Месси дар бозиҳои Ҷоми Испания мебошад. Ёдовар мешавем, ки рекорди аз ҳама зиёд дар таърихи Ҷоми Испания ба Телмо Сарре тааллуқ дорад, ки солҳои 40-50-уми асри гузашта бозӣ намудааст.

Номҳои 10 нишонзани беҳтарини таърихи Ҷоми Испания чунинанд:

1. Телмо Сарре 81.
2. Хосеп Самитер 69.
3. Горостиса 62.
4. Куинӣ 55.
5. Мундо 52.
6. Кубала 49.
7. Пускас 49.
8. Сантиллана 48.
9. Сезар 47.
10. Месси 46.

Таҳияи Орзу Раҳимов