Месси дар талоши рекорди нав

Месси дар талоши рекорди нав

14 январи соли 2017, сафдари сафшикани дастаи "Барселона" Лионел Месси бо голи задааш ба дарвозаи "Лас Палмас" рекорди Раулро такрор намуд. Ин бошгоҳ, ки дар ҷазираҳои Канари Испания ҷойгир аст, 35 - умин дастаи сатҳи болоии футболи испанӣ шуд, ки ба дарвозаи он Месси дар доираи чемпионати Испания гол задааст. Ин нишондоди рекордӣ танҳо насиби собиқ сарвони дастаи "Реал Мадрид", яке аз футболбозони машҳури олами футбол - Раул гашта буд. Баъди як сол, ҳамлавари бошгоҳи каталонӣ имкон дорад бо задани гол ба дарвозаи бошгоҳи дигари каталонӣ - "Жирона" шумораи дастаҳои голзадаашро дар Ла Лигаи Испания ба 36 расонда, рекорди навро гузорад.

Таҳияи Раҳимов Орзу