Месси маротибаи 4-ум барандаи «Кафши тиллоӣ» гардид

Месси маротибаи 4-ум барандаи «Кафши тиллоӣ» гардид

Ҳамлагари бошгоҳи “Барселона” Лионел Месси дар тамоми таҷрибаи футболбозиаш маротибаи 4-ум барандаи “Кафши тиллоӣ” гардид. Дар мавсими ҷорӣ дар чемпионати Испания Месси муаллифи 37 гол ва 74 хол шудааст. Барои ба даст овардани “Кафши тиллоӣ” дар мубориза бо Месси ҳамлагари дастаи “Спортинг” Бас Дост бо 34 гол ва 68 имтиёз зинаи дуюмро ишғол намуд. Дар зинаи сеюм ҳамлагари дастаи “Боруссия” (Дортмунд) Пер-Эмерик Обамейянг бо 31 гол ва 67 имтиёз ҷой гирифт.

“Кафши тиллоӣ” ҷоизае мебошад, ки ҳар сол барои беҳтарин голандозӣ чемпионатҳои аврупоӣ тақдим карда мешавад.