Модрич рақамашро иваз намуд

Модрич рақамашро иваз намуд

Футболбозони “Реал” дар мавсими нав  бо кадом рақам ба майдон мебароянд, акнун муайян шуд. Ниммуҳофизатгар Лука Модрич шумораи 19-ро бо шумораи 10 иваз намуд, ки қаблан бо рақами 10 Хамес Родригес майдондорӣ мекард. Ёдовар мешавем, ки Хамес ба дастаи “Бавария” гузашт. Ҳимоятгар Тео Эрнандес бо рақами 15 ба майдон мебарояд. Маркос Лоренте бо рақами 18 ва Дани Себалос бо шумораи 24 вориди майдон мешаванд.