“Монако” 70 млн-и “Ливерпул”ро рад кард

“Монако” 70 млн-и “Ливерпул”ро рад кард

Роҳбарияти “Монако” маблағи 70 миллион еврои дастаи “Ливерпул”-ро, ки барои харидории ҳамлагари ҷавони дастааш Килиан Мбаппе пешниҳод шуда буд, рад кард. Тибқи маълумоти маҷаллаи Marca дастаи “Монако” 70 миллион еврои дастаи”Ливерпул”-ро рад намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Президенти дастаи “Монако” Димитрий Риболовлев барои ҳамлагари даста Мбаппе беш аз 100 миллион евро мехоҳад. Аз ҳамин лиҳоз роҳбарияти клуби Фаронса мехоҳад, ки Мбаппе як мавсими дигар дар даста бимонад. Дар мавсими ҷорӣ Мбаппе дар дастаи “Монако” 41 бозӣ гузаронида, 26 гол ва 14 партофти головар анҷом додааст.