«Монако», ва «Порту» ноком гаштанд

«Монако», ва  «Порту» ноком гаштанд

  Дар даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо дастаи «Бешикташ» дар сафар бар қаҳрамони феълии Фаронса, дастаи “Монако” пирӯз омад. Дар дақиқаи сиюми рақобат Радамел Фалкао пешсафии монегаскҳоро муҳайё намуд. Пас аз сипарӣ гардидани чанд дақиқа Ҷенк Тосун ҳисоби бозиро баробар намуд. Дар дақиқаи 54-уми дидор бошад Тосун як голи дигарро ба самар расонда, бо  ин голаш пирӯзии дастаи “Бешикташ” –ро муҳайё сохт. Ин пирӯзии сеюми даври гурӯҳӣ барои дастаи “Бешикташ” маҳсуб меёбад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ бошад дастаи олмонии «РБ Лейпсиг» дар майдони хеш бар тими “Порту” бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.  Пас аз ин даври рақобатҳо дастаҳо дар гурӯҳи “G” ба таври зайл мавқеъ касб намудаанд:

1. «Бешикташ» — 9 хол

 2. «РБ Лейпсиг» — 4 хол

3. «Порту» — 3 хол

 4. «Монако» — 1 хол