Муҷозоти Роналду – маҳрумият аз 12 бозӣ

Муҷозоти Роналду – маҳрумият аз 12 бозӣ

Ҳамлавари бошгоҳи “Реал” Криштиану Роналду шояд барои тела додани довар дар бозии аввали Суперҷоми Испания бар зидди “Барселона” (1:3) аз 4 то 12 бозии дастааш маҳрум карда шавад. Дар дақиқаи 84-уми бозӣ Роналду барои анҷом додани найранг бо баргаи дуюми зард муҷозот гардида бозибадар шуд. Роналду пеш аз  майдон берун шудан бо дастонаш сардовари бозиро тела дод.   Шояд ин амали ӯ аз тарафи Федератсияи шоҳигарии футболи Испания (RFEF) беҷазо намонад. Тибқи маълумоти ВАО-и Испания эҳтимол аст, ки сафдари “Реал”-и Мадрид ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду аз 4 то 12 бозӣ муҷозот карда шавад.