Муборизаи 17 даста барои дарёфти "Ҷоми Нур"

Муборизаи 17 даста барои дарёфти "Ҷоми Нур"

Барои дарёфти "Ҷоми Нур", ҳар сол дар Маскав мусобиқаи футбол ташкил мешавад. Имсол дар мусобиқаи мазкур 17 даста аз минақаҳои гуногуни ВМКБ рақобат хоҳанд кард. Рӯзи 7 июли соли равон дар майдони "Спартак" –и Маскав маросими ифтитоҳи мусобиқаи футбол барои ба даст овардани "Ҷоми Нур" баргузор шуд. Дар ин барномаи варзишӣ ҳаводорони футболу намояндагони созмони иҷтимоии "Нур" ширкат доштанд. Бозии дастаҳоро доварони пешакор аз Россия ҳакамӣ мекунанд.

Дар умум барои дарёфти "Ҷоми Нур" 17 даста байни ҳам рақобат мекунанд. Инҳо: Вамар, Поршнев, Сохчарв, Куйбишев, Рӯшон, “Ситора” (Ишкошим), Помир-04, Вахон, Шоҳдара, Сучон, Дети Памира, Хоруғ, Ғунд, “Нур”, “Дӯстӣ”, “Нарзан” (Ишкошим) ва Интернатсионал мебошанд.

Мусобиқаи футбол барои ба даст овардани "Ҷоми Нур" як моҳ идома хоҳад кард. Дар ин муддат ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар майдони "Спартак"- Маскав бозиҳо баргузор мешаванд.

 

В Москве стартовал Кубок Нур на котором примут участие 17 команд

В Москве стартовал Кубок Нур на котором примут участие 17 командВ Москве стартовал Кубок Нур на котором примут участие 17 команд В Москве стартовал Кубок Нур на котором примут участие 17 командВ Москве стартовал Кубок Нур на котором примут участие 17 команд В Москве стартовал Кубок Нур на котором примут участие 17 команд