Муборизи шикастнопазири UFC ба Тоҷикистон меояд

Муборизи шикастнопазири UFC ба Тоҷикистон меояд

Ситораи маъруфи ММА (набарди омехта) Ҳабиб Нурмуҳаммадов иттилоъ додааст, ки баъди як моҳ дар Тоҷикистон бо мухлисон нишасти хабарӣ ва дидор хоҳад кард. Нурмуҳаммедови русиягӣ, ки чанде пеш дар Ўзбекистон қарор дошт, дар саҳифаи твиттери худ навишт, ки 17-уми июл дар Тоҷикистон нишасти хабарӣ доир хоҳад кард ва албатта вохӯрии ӯ бо мухлисон низ ба нақша гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯро дар ин сафар падараш ҳамроҳӣ хоҳад кард.