Муддаиёни вазни то 90 кг дар Dushanbe Grand Slam 2024

Муддаиёни вазни то 90  кг дар Dushanbe Grand Slam 2024

Рӯзҳои 3-юм то 5-уми май қалби Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад.

Дар мусобиқаи мазкур дар шаҳри Душанбе зери вазни то 90 кг ҳоло 30 ҷудокор номнавис шудаанд. Дар байни фаворитҳо дар категорияи вазни то 90 кг якчанд ҷудокорон ҳастанд, ки барои зинаҳои фахрӣ талош меварзанд.

Комроншоҳи Устопириён ва Шодмон Ризоев аз Тоҷикистон аз зумраи муддаиёни асосӣ дар ин вазн маҳсуб мешаванд. Устопириён соли гузашта дар Гран Прии Душанбе нишони тилло гирифта буд. Шодмон бошад  нишони нуқраи вазни то 81 килоро дар Гран – Прии Душанбе моли хеш кард.

Неманя Маҷдов ҷудокори сербӣ аз муддаиёни дигар ин вазн аст, ки муқобили ҷудокорони мизбон мубориза мебарад. Ӯ барандаи нишони биринҷии мусобиқаи “Мастерс” дар соли 2019 буда, дар мусобиқаҳои Гранд Слам 2 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ дорад.

Ҷудокорони дигар Арам Григорян, Ҳан Ҷуйеоп, Давит Кламмерт ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ҳам баҳри зинаҳои фахрӣ дар ин вазн талош хоҳанд кард.