Мусобиқаи байналмилалии теннис дар ш.Душанбе

Мусобиқаи байналмилалии теннис дар ш.Душанбе

Дар кортҳои тенниси болокушодаи шаҳри Душанбе, бори аввал мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон оғоз гардид, ки дар он теннисбозони то 14 солаи 7 кишвар барои касби мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам талош доранд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон бо ташаббуси Федератсияи Тенниси калони Тоҷикистон ташкил гардидааст, ки дар он намояндагони кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Украина, Русия ва Туркия иштирок доранд. Ҷараёни рақобатҳоро доварони дараҷаи байналмилалӣ назорад мекунанд.

Тавре ки Владислав Раминский довар аз Қазоқистон дар суҳбат бо мо гуфт: “Ин мусобиқаи байналмилалии серияи АТФ ба ҳисоб меравад, ки дар қитъаи Осиё баргузор карда мешавад. Чунин мусобиқаи сатҳи баланд бори аввал аст, ки дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон гузаронида мешавад ва боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дар кишвари Шумо ташкил шудааст. Баланд бардоштани таҷриба ва маҳорати иштирокчиён яке аз мақсадҳои асосии мусобиқа ба ҳисоб меравад. Дар соли оянда мо нақша дорем, ки мусобиқаи мазкурро боз дар инҷо доир кунем ва инчунин Душанберо макони баргузории боз ду мусобиқаи дигари АТФ миёни теннисбозони то 18 сола интихоб намоем”

Дар маҷмуъ 32 нафар теннисбози то 14 сола, рақобатро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ шуруъ карданд, ки 16 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Мусобиқаи мазкур ба хотири баланд бардоштани маҳорати теннисбозони наврас ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба ин риштаи варзиши зебо буда, то санаи 30-юми сентябр идома мекунад. Дар хотима ғолибони мусобиқа бо медалу ифтихорнома ва таҷҳизотҳои варзишӣ сарфароз гардонида мешаванд.