Мусобиқаи бокс беҳтаринҳоро дар ВМКБ муайян мекунад

Мусобиқаи бокс беҳтаринҳоро дар ВМКБ муайян мекунад

Аз 24 то 27 июли соли 2019 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс миёни ҷавонони солҳои таваллудашон 2003-2006 баргузор мегадад. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштироки дастаҳои Душанбе 1, Душанбе 2, Хатлон 1, Хатлон 2, Суғд, ва дастаи ВМКБ дар назар дошта шудааст. Дар мусобиқаи мазкур беш аз 80 нафар варзишгарони вазнҳои мутлақ дар минтақа иштирок ва ҳунарнамоӣ менамоянд. Даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва даври дуюми он дар сатҳи минтақвӣ ва вилоятӣ доир гардида, беҳтарин варзишгарон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд. Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарони кишвар аз рӯи вазнҳои мухталиф муайян гардида, варзишгарон имкони иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро пайдо менамоянд. Ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ марҳилаҳои омодагии варзишгарон ба Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс мебошад.