Мусобиқаи футбол бахшида ба “Соли ҷавонон”

Мусобиқаи футбол бахшида ба “Соли ҷавонон”

Дар шаҳри Турсунзода чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” идома дорад. Дар доираи ин чорабиниҳо як мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни донишҷӯёни Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 19 гурӯҳи литсейи мазкур иштирок намуданд. Мусобиқаи футбол дар сатҳи баланд доир гардида, зинаи якумро футболбозони гурӯҳи 18-ум, ҷои дуюмро гурӯҳи 10-ум ва ҷои сеюмро донишҷӯёни гурӯҳи 17-ум ишғол намуданд.

Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода сарфароз гардонида шуданд.