Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар Душанбе мегузарад

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар Душанбе мегузарад

Аз 27-ум то 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “D” баргузор мешавад. Дар як нишасти хабарӣ, ки имрӯз, 26-уми октябр, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенси Душанбе” барпо гардид, зикр шуд барои роҳхати ягона ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Душанбе дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳонконг ва Тайван мубориза мебаранд.

Дар нахустин даври мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “D” рӯзи 27 октябр Тайван бо Ҳонконг ва Тоҷикистон бо Ӯзбекистон андари майдон мешаванд.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола.

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

27 октябр (панҷшанбе)

14:00 – Тайван – Ҳонконг

17:00 – Ӯзбекистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм

29 октябр (шанбе)

14:00 – Ҳонконг – Ӯзбекистон

17:00 – Тоҷикистон – Тайван

Даври 3-юм

31 октябр (душанбе)

14:00 – Ӯзбекистон – Тайван

17:00 – Ҳонконг – Тоҷикистон