Мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол миёни дастпарварони мактабҳои варзишӣ

Мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол миёни дастпарварони мактабҳои варзишӣ

Дар майдони варзишии Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии рақами 1”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол миёни дастпарварони мактабҳои варзишӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 8 даста иштирок намуда, барои зинаҳои ифтихорӣ миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа ҷои якумро дастаи “Томирис”-и Мактаби варзишии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюмро дастаи “Сирдарё” аз Мактаби махсуси футболи вилояти Суғд ва ҷои сеюмро дастаи “Маъруф”-и Мактаби варзишии рақами 1 ишғол намуданд. Ғолибони мусобиқа аз ҷониби масъулини чорабинӣ бо медал, диплом ва ғолиби ҷои аввал бо ҷом қадрдонӣ карда шуданд.

Манбаъ: http://javonon.tj/