Сабқати сохторҳои қудрати дар татамии ҷудо

Сабқати сохторҳои қудрати дар татамии ҷудо

Давоми ду рӯз дар толори Маҷмааи варзишии «Динамо»-и ВКД миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатии мамлакат мусобиқа дар риштаи ҷудо доир гардид. Чорабинии мазкур дар робита ба «Соли ҷавонон» роҳандозӣ гардида, варзишгарони зиёдро ба ҳам овард. Маросими ифтитоҳи мусобиқаи ҷудо барои дарёфти Ҷоми вазири Корҳои дахилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии “Динамо” дар фазои тантанавӣ сурат гирифт. Дар ин маросим масъулини соҳа доварону мураббиён ва варзишгарон ширкат намуданд. Пеш аз оғози рақобатҳо аз ҷониби аркестри Вазорати корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суруди Миллии кишвар танинандоз гардид. Сипас қувваозмоии варзишгароне, ки сабти ном шудаанд, идома кард. Дар мусобиқаи имсола 19 даста ва зиёда аз 144 варзишгар аз сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва аз 100 кг боло мубориза бурданд. Чорабинии мазкур анъанавӣ буда, ҳамасола бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад. Ҳамин тариқ дар охир ба нафарони ғолиб дар вазнҳои алоҳида аз  ҷониби Кумитаи тадорукот медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои махсус тақдим карда шуд.