Мусовии “Милан” бо “Торино”

Мусовии “Милан” бо “Торино”

Дастаҳои “Торино” ва “Милан” рақобати хешро дар даври 20-уми чемпионати Италия бо мусовӣ 2:2 ба анҷом расониданд. Дар қисми якуми дидор аниқтараш дар дақиқаи 21-уми рақобат бозигари бошгоҳи “Торино” Белотти голи якуми бозиро ба дарвозаи меҳмонон зад. Голи дуюми дастаи мизбононро дар дақиқаи 26-уми бозӣ Бенасси таслими дарвозаи “Милан” намуд. Қисми якуми дидор бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони дастаи “Торино” ба анҷом расид. Дар дақиқиа 55-уми бозӣ Бертолаччи як голи зеборо ба дарвозаи “Торино” ворид намуд. Дар даиқиаи 60-уми дидор бозигарони бошгоҳи “Торино” ҳолати бозиро вайрон намуда, довар ба дарвозаи онҳо пеналти таъин намуд. Голро аз дастаи “Милан” Бакка ба ҳадаф расонида дастаи хешро аз шикаст раҳонид. Дастаи “Торино” бо касбӣ 30 имтиёз дар зинаи 8-уми ҷадвали мусобиқаи Чемпионати Италия қарор дорад. Бошгоҳи “Милан” бошад, бо 37 имтиёз дар мавқеи 5-уми ҷадвал қарор дорад.

Чемпионати Италия

Даври 20-ум

"Торино" - "Милан" - 2:2 (2:0)

Голҳо: Белотти, 21 (1:0). Бенасси, 26 (2:0). Бертолаччи, 55 (2:1). Бакка, 60 - пен (2:2).

"Торино": Харт, Моретти, Россеттини, Дзаппакоста, Баррека, Оби (Итурбе, 61), Бенасси (Базелли, 81), Валдифиори (Лукич, 67), Ляич, Яго Фалке, Белотти.
mi
"Милан": Доннарумма, Палетта, Абате, Романоли, Калабрия (Ванҷони, 87), Бонавентура (Нянг, 84), Бертолаччи (Куска, 74), Пашалич, Локателли, Бакка, Сусо.