Мусовии мунтахаби Тоҷикистон бо Яман

Мусовии мунтахаби  Тоҷикистон бо Яман

Дар доираи бозиҳои интихобии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Яман майдондорӣ кард. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифта, бидуни гол ба поён расид. Дастпарварони Ҳаким Фузайлов дар қисми аввали дидор на он қадар бозии хуб нишон доданд. Дар қисми дуюми рақобат бошад, футболбозони тоҷик ташаббусро ба даст гирифта, имкониятҳои хуби голзанӣ ба вуҷуд оварданд. Аммо аз ин имкониятҳо самаранок истифода карда натавонистанд. Хотиррасон мекунем, ки ин 5-умин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “F”-и марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 буд, ки барояшон дидори ҳалкунада ба шумор мерафт. Чаро, ки дар ҷадвали гурӯҳ тими миллии мо бо касби 6 имтиёз дар зинаи 3-юм қарор дошт. Ҳамакнун дар бозии охирини марҳилаи интихобӣ мунтахаби Тоҷикистон дар сафар бо тими миллии Филиппин 27-уми марти соли 2018 дидор анҷом медиҳад. Бозии дигари гурӯҳи “F” низ миёни мунтахабҳои Филиппин ва Непал бидуни гол ба поён расид. 

 

 Гурӯҳи "F" баъд аз даври 5-ум

Гуруххо Точикистон нав 13 11 2017.jpg