“МЮ” қасди харидории Маркинйосро дорад

“МЮ” қасди харидории Маркинйосро дорад

Ҳимоятгари дастаи ПСЖ Маркинйос шояд дар мавсими оянда бо пероҳани дастаи “МЮ” ба майдон барояд. Бо маълумоти сомонаи расмии GloboEsporte, бошгоҳи англисӣ омодааст, ки барои Маркинйос 70 миллион евро сарф намояд. Шартномаи қаблии Маркинйос бо дастаи ПСЖ то мавсими соли 2019 муқаррар шудааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ин футболбоз дар дастааш хушбахт аст ва намехоҳад, ки Фаронсаро тарк созад.