Натиҷаҳои даври 22-юми чемпионати Олмон

Натиҷаҳои даври 22-юми чемпионати Олмон

Дар даври 22-юми чемпионати Олмон дастаи “Бавария” дар майдони хеш бо тими “Гамбург” дидор анҷом дод. Дар ин бозӣ тими “Бавария” рақиби худ дастаи “Гамбург”-ро бо ҳисоби калони 8:0 шикаст дод. Дар ин рақобат Левандовски муаллифи хет-трик, муаллифи дубл Коман як голии дигар Видал, Алаба ва Роббен ба ҳадаф расониданд. Бодя қайд кард, ки ин бозӣ дар корномаи варзишии сармураббӣ Карло Анчелоти 1000-уми бозӣ ба шумор меравад.

Чемпионати Олмон. Даври 22-юм

"Бавария" – "Гамбург" – 8:0 (3:0)

Голҳо: Видал, 17 (1:0). Левандовски, 24 - пен (2:0). Левандовски, 42 (3:0). Левандовски, 54 (4:0). Алаба, 56 (5:0). Коман, 65 (6:0). Коман, 69 (7:0). Роббен, 87 (8:0).

"Бавария": Нойер, Лам (Рафиня, 67), Хави Мартинес, Хуммелс, Алаба, Роббен, Видал, Т.Мюллер, Тиагу Алкантара (Коман, 60), Дуглас Коста, Левандовски (Ренату Санчеш, 57).

"Гамбург": Адлер, Ҷуру, Маврай, Сакаи, Дуглас Сантос, Холтби, Н.Мюллер (Хант, 62), Грегорич (Экдал, 60), Костич (Валдшмидт, 72), Юнг, Уоллас.


"Волфсбург" - "Вердер" - 1:2 (1:2)

Голҳо: Гнабри, 10 (0:1). Гнабри, 18 (0:2). Майорал, 19 (1:2).

"Фрайбург" – "Боруссия" Д – 0:3 (0:1)

Голҳо: Папастатопулос, 13 (0:1). Обамеянг, 55 (0:2). Обамеянг, 70 (0:3).

"Дармштадт" – "Аугсбург" – 1:2 (0:0)

Голҳо: Хеллер, 47 (1:0). Ферхаг, 55 - пен (1:1). Бобадиля, 85 (1:2).

"Байер" - "Майнтс" - 0:2 (0:2)

Голҳо: Белл, 3 (0:1). Озтунали, 11 (0:2).

"РБ Лейптсиг" - "Келн" - 3:1 (2:0)

Голҳо: Форсберг, 5 (1:0). Маро, 34 - аг (2:0). Осако, 53 (2:1). Вернер, 65 (3:1).

"Герта" - "Айнтрахт" - 2:0 (0:0)

Голҳо: Ибишевич, 52 (1:0). Дарида, 83 (2:0).