Натиҷаи бозиҳои даври дуюми Лигаи қаҳрамонҳо

Натиҷаи бозиҳои даври дуюми Лигаи қаҳрамонҳо

Дар доираи рақобатҳои даври дуюми Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дастаҳои миёни ҳам рақобати шадиду тезу тунд анҷом медиҳанд.

Ғалабаи Реал Мадрид бар Боруссия

Дар гурӯҳи “Ф”-и мусобиқа бозиҳои даври дуюми мусобиқаи Лигаи Чемпионҳо доир гардиданд. Тими футболи “Боруссия Дортмунд”-и Олмон дар хонааш варзишгоҳи «Сигнал Идуна Парк» бо бошгоҳи футболи “Реал Мадрид”-и Испания рақобат намуд. Меҳмонон бо голи задаи Криштиану Роналду дар дақиқаи 17-уми бозӣ ба пеш баромаданд. То ба танаффус баромадан ҳамлагари “Боруссия” Пер-Эмерик Обамейянг аз иштибоҳи дарвозабон ва муҳофизатгари “Реал” истифода карда, ҳисобро баробар намуд.

Дар қисми дуюми дидор дастаҳо боз як голии дигарро ба дарвозаҳои ҳамдигар заданд. Дар дақиқаи 68-ум Рафаэл Варан “Реал”-ро ба пеш баровард. Се дақиқа мондан то анҷоми вақти асосӣ Андре Шюррле, ки аз курсии бозингарони эҳтиётӣ ба майдон баромада буд, тӯби дуюмро таслими дарвозаи “Реал Мадрид” намуда, ҳисоби вохуриро ба натиҷаи мусовӣ расонид. “Реал Мадрид” се бозии охирро бо натиҷаи мусовӣ ҷамъбаст менамояд.

Як голи беҷавоби Тоттенхем бар ССКА

Дар гурӯҳи “Е”-и мусобиқа дидори дастаҳои футболи “ССКА”-и Маскав ва “Тоттенхем”-и Лондон баргузор гардид. Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба тозагӣ бунёдшудаи «Арене ЦСКА» бо ҳисоби 0:1 бар нафъи меҳмонон ҷамъбаст шуд. Ягона голи пирӯзиоварро ниммуҳофизатгари Куриёи Ҷанубӣ Сон Хын Мин дар дақиқаи 71-уми бозӣ ба ҳадаф расонид.

Ин аввалин бозии сатҳи аврупоӣ дар варзишгоҳи ҷадид, ки 10-уми сентябр расман мавриди истифода қарор дода шуда буд, ба ҳисоб мерафт.

Игор Акинфеев, дарвозабони “ССКА” дар маҷмуъ 39-умин бозӣ дар Лигаи Чемпионҳо мебошад, ки пайиҳам ба дарвозааш гол сар медиҳад. Бозии дигари ин гурӯҳ “Монако”-и Фаронса ва “Байер”-и Олмон бошад бо ҳисоби 1:1 ҷамъбаст гардидааст.

Севиля бар Лион ғалаба кард

Бошгоҳи “Севиля”-и Испания бошад дар варзишгоҳи «Рамон Санчес Писхуан» бар меҳмононаш дастаи “Лион”-и Фаронса ғалаба намуд. Тақдири вохӯрӣ дар дақиқаи 52-уми рақобат ҳал гардид. Партофти Лусиано Ветторо ҳамдастааш Виссам Бен-Йедер бо гол анҷом дод. “Севиля” имконияти задани боз як голи дигарро дошт, аммо дар дақиқаи 69-уми бозӣ Лусиано Ветто зарбаи 11 метарро зада натавонист ва ҳисоб дигар таъғир наёфт. Баъди ин мувафақият “Сивиля” баъди ду бозӣ 4 имтиёз дорад ва бо дастаи “Ювентус” барои баромадан аз гурӯҳ талош хоҳад кард.

4 голи беҷавоби Ювентус ба дарвозаи Динамо Загреб

“Ювентус”- Италия ба дарвозаи ҳарифаш “Динамо Загреб”-и Харватия чаҳор голи беҷавоб зад. “Динамо Загреб” дар хонааш ин вохӯриро баргузор кард ва дар муқобили “Ювентус” баробар рақобат карда натавонист.

Дар дақиқаи 24-уми дидор Миралем Пянич ҳисобро кушод ва дар қисми аввали бозӣ Гонсало Игуаин ҳисоби голҳои меҳмононро ба ду расонид.

Футболбозони “Ювентус” ду голи дигарро дар қисми дуюми дидор ба самар расониданд. Пауло Дибала муаллифи голи сеюм гардид. 5 дақиқа мондан то анҷоми дидор бошад муҳофизатгари бразилиягӣ Дани Алвес дарвозабони дастаи “Динамо Загреб”-ро маҷбур намуд, то маротибаи чаҳорум тӯбро аз дохили тури дарвозааш бигирад.