Натиҷаи рақобатҳои тенниси WTA дар Ухани Чин

Натиҷаи рақобатҳои тенниси WTA дар Ухани Чин

Ракеткаи якуми ҷаҳон Анҷелика Кербер ҳунарнамоияшро дар мусобиқаи байналмилалии тенниси WTA дар Ухани Чин бо муваффақият оғоз намуд. Ҳамчунин хоҳарбузурги Серена, Винус Уилямс низ роҳи худро ба даври 3-юми ин чорабании бонуфӯзи варзишӣ ҳамквор кард.

Анҷелина Кербер Кристин Младеновичро шикаст дод

Теннисбози муқтадири олмонӣ Анҷелика Кербер, ки феълан дар рӯйхати нуфузсанҷии теннисбозони касбӣ мавқеи якумро ишғол мекунад, дар доираи бозиҳои даври 2-юми мусобиқаи WTA Ухан бо намояндаи Фаронса Кристин Младенович вориди рақобат гардид.

Бозии ҳарифон дар се пайт бо ҳисоби 6:7, 6:1 ва 6:4 ба суди ракеткаи якуми ҷаҳон поён пазируфт. Зодаи шаҳри Бремен Анҷелика дар ин дидор аз 7 имконияти брейк-пойнт дар 5 тояш муваффақ шуд. Аммо ба 4 иштибоҳи дуболо низ роҳ дод.

Дар ҳисоби Кристин бошад, 4 эйс ва 2 брейк-пойнт номнавис гардид. Акнун барои баромадан ба даври 1\4 ниҳоӣ Кербер бо теннисбози чехӣ Петра Квитова рақобат мекунад.

Муваффақияти Винус Уилямс дар WTA

Теннисбози шинохтаи амрикоӣ Винус Уилямс баъди шикаст додани ҳарифи худ Юлия Путинсева аз Қазоқистон ба даври 1\4 ниҳоии мусобиқаи WTA Ухани Чин роҳхат гирифт. Варзишгари амрикоӣ Винус, Путинсеваро бо осонӣ дар ду пайт бидуни мушкил бо натиҷаи 6:3 ва 6:2 дучори шикаст намуд. Собиқ ракеткаи якуми ҷаҳон 2 партофти софи имтиёзовар анҷом дода, аз 14 имконияти брейк-пойнт дар 7 тояш муваффақ омад.

Дар ҳисоби Юлия бошад, 3 брейк ва 3 иштибоҳи дукарата номнавис гардид. Дар дидори навбатӣ Винус Уилямс бо теннисбози рус Светлана Кузнетсова қувваозмоӣ мекунад.