Нико Росберг ғолиби марҳилаи 13-уми Формула-1 Белгия

Нико Росберг ғолиби марҳилаи 13-уми Формула-1 Белгия

Марҳилаи 13-уми чемпионати ҷаҳон оид ба пойгаи мошинронии Формула-1 дар кишвари Белгия ба охир расид.
Пойга мудати 20 дақиқа бо сабаби садамаи ронандаи дастаи "Рено" Кевин Магнуссен аз Дания ба таъхир афтод. Магнуссен дар ҷараёни сабқат аз идораи балиди худ набаромада ба садама дучор мегардад.
Пирӯзиро дар ин марҳила ронандаи дастаи "Мерседес" Нико Росберг баъди гузаштани рақибони асосии худ Даниэл Рикардои австриягӣ аз дастаи "Ред Булл" ва ҳамдастаи худ Люис Хэмилтон ба даст овард. Ҳамин тариқ дар ҷойи 3-юм Ҳемилтон қарор гирифт.
Бо сабаби насб намудани муҳаррики нав ба балидаш ба Ҳемилтон ҷазо муқарар карданд. Ҳемилтон ҳоло бо касби 232 имтиёз садрнишини ҷадвали умумӣ ба шумор меравад. Розберг бо 223 имтиёз дар зинаи баъдӣ мавқеъ гирифтааст.