Нишони нуқраи қайиқрони тоҷик дар чемпионати Осиё

Нишони нуқраи  қайиқрони тоҷик дар чемпионати Осиё

Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ, ки дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардуми Чин ҷараён дорад, дар масофаи 1000 метр (С-1) бо натиҷаи 3:57:758 сазовори медали нуқра шуд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа 9 нафар иштирок намуданд. Ҷои аввал насиби варзишгари Ӯзбекистон Вадим Менков (3:57:388), ҷои сеюм насиби варзишгари мизбон Пенгфей Женг (3:58:786) гардид. Дар мусобиқа, ки 15 октябри соли равон шуруъ шуда, имрӯз – 18 октябр ба анҷом мерасад, варзишгарони 21 давлати қора ширкат доранд. Ба иттилои Нодирҷон Сафаров – котиби генералии Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон, кишвари моро ба ғайр аз Шаҳриёр Даминов Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоирҷон Набиев, Абдураҳмон Абдураҳимов миёни калонсолон ва Зумрад Пирназарова миёни ҷавонон намояндагӣ мекунанд. Нурмуҳаммади Тоҳир ва Зоирҷон Набиев дар масофаи 200 метр (К-2) ва Зумрад Пирназарова низ ба марҳилаи финалии мусобиқа роҳхат гирифтаанд.