Нишони нуқраи варзишгари тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон

Нишони нуқраи варзишгари тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон

Саидҷамол Алимардонов, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳон оид ба “казах куреси”, ки рӯзҳои 25 – 28-уми май дар деҳаи Оқсуати ноҳияи Тарбагатайи вилояти Қазоқистони шарқӣ баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Ӯ дар вазни то 90 кило баъди пирӯзӣ бар Давид Саркисян аз Арманистон, дар даврҳои баъдӣ Денис Эммерти русиягӣ ва Семён Ракитаи украиниро мағлуб кард. Вале Саидҷамол Алимардонов дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Беҳзод Аҳмадбекови қазоқистонӣ шикаст хӯрд ва мақоми дуюмро касб намуд.

Ин мусобиқа бо иштироки варзишгарони 22 кишвар, аз ҷумла 15 ҷумҳурии Шӯравии собиқ – Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Лаҳистон, Литва, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Украина ва Эстония, инчунин, Дания,

Муғулистон, Олмон, Туркия, Чин, Ҷумҳурии Чех ва Ҳиндустон баргузор шуд.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон се варзишгар – Асадулло Тоиров (-70 кило), Саидҷамол Алимардонов (-90 кило) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+90 кило) – дохил буданд. Мусобиқа аз рӯи қоидаҳои гуштии миллии қазоқҳо дар се вазн (-70, -90 ва +90 кило) бо ҳузури беш аз ҳафт ҳазор тамошобин барпо гардид.