Номаи вопасини Роналдиню

Номаи вопасини Роналдиню

     Ситораи машҳури футболи Бразилия, ҷоизадори Ҷоми ҷаҳон-2002, «Туби тиллоӣ» ва чандин ҷоизаҳои дигар, бозигари собиқ дастаҳои «Гремио», «ПСЖ», «Барселона» ва «Милан» - Роналдо де Ассис Морейра,  машҳур бо  лақабҳои «Роналдиню», «Рони» ва «Соҳир», ки бо чеҳраи хандони худ ҳамаро тасхир карда буд, дар як номаи вопасине, ки дар саҳифаи Инстаграми худ нашр кард, қалби миллионҳо нафар мухлисонро бисёр муассир намуд. Ӯ дар номаи худ чунин навиштааст:

   «Худоё! Барои зиндагие, ки бароям додӣ, Туро сипос мегӯям! Барои оила, дӯстон ва ягона машғулияти дӯстдоштаам – футбол Туро сипос мегӯям! Баъди 30 сол бо ягона орзуи асосии ҳаётам хайрбод мегӯям. Тӯли 20 сол ман он чизеро, ки дар дунё аз ҳама бештар дӯст медоштам, бо тамоми масъулият  ва маҳорати касбиам иҷро намудам. Даҳ соли дигар фақат барои омодашавӣ сарф кардаам. Ман кӯдаке будам, бо орзуҳои ширин. Сафарҳо, ғалабаҳо, мағлубият, мусовиҳо, танинандозии Суруди миллии кишварам дар майдонҳо, баромадан ба майдонҳои футбол, ҳуҷраи либосивазкуниҳои гуногун, маконҳои интизории баромадан ба майдон, ҳамаи пойафзолҳои варзишиам, ҳама ҳолатҳои хубу бади касбият, ҷоизаҳоям, ситораҳои футболе, ки бо онҳо дар як вақт бозӣ намудаам. Ҳамаи ин бароям беҳтарин буд!

     Дар роҳи расидан ба ҳамаи инҳо, маро падарам ва дигар аъзои оилаам кӯмак намуданд. Дастгирии дастаҷамъии онҳо ҳаёти маро зебову рангин сохт.

    Шумо медонед, ки ман инсони оддӣ ҳастам ва сухани бисёрро дӯст намедорам, аммо аз самими қалб ба ҳамаи Шумо ташаккур мегӯям! Ба муррабиён, намояндагони иттиҳодияҳои футбол, мухлисони худам ва дигар дастаҳо, ронандагони автобусҳо, менеҷерҳои сару либоси футболбозон, доварон ва рӯзноманигорон. Ба ҳамаатон ташаккур! Бе шумо ман ба ҳеҷ чиз намерасидам.

    Дар моҳи март ман аз ҷузъиёти бозии хайрбодиам бароятон хабар хоҳам дод. Ташаккур ба шумо, ки маро дар муддати тӯлоние дастгирӣ намудед. Барои ҳамаи шумо барои паёмҳо ва суханони хубатон изҳори сипос менамоям. Шуморо гарм дар оғӯш мегирам! Бисёр хурсандам, ки ин варзиши зеборо касб ва ҳаёти худ қарор додаам.»

Дар таҳияи Раҳимов Орзу