Нойер аз ду бозии мунтахаби Олмон бе насиб шуд

Нойер аз ду бозии мунтахаби Олмон бе насиб шуд

Дарвозабони дастаи “Бавария” ва тими мунтахаби Олмон Мануэл Нойер бо сабаби ҷароҳат бардоштанаш ба тими мунтахаби Олмон даъват нашуд. Дар ин бора сомонаи расмии Deutsche Welle хабар медиҳад. Тибқи маълумоти ин расона дарвозабони 30 солаи Олмони дар ду бозии наздики тими Олмон ба дастаи мунтахаби хеш ёри дода наметавонад. Ба майдон баргаштани дарвозабон то ҳол маълум нест. Тими мунтахаби Олмон 22-уми март дар Дортмунд бо тими миллии Англия ва рӯзи 26-уми март дар Боку бо дастаи Озарбойҷон дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2018 бозии рафиқона анҷом медиҳад. Сармураббии тими Олмон Йоахим Лёв ба ҷои Нойер дарвозабони дастаи “ПСЖ” Кевин Траппро даъват намуд.