Оғози мусобиқоти футболи Премер-Лигаи Россия

Оғози мусобиқоти футболи Премер-Лигаи Россия

Нахустин бозиҳо дар доираи мусобиқаи Премер-Лигаи Россия оид ба футбол мувофиқи муқаррароти ҷадвал сурат гирифтанд. Дар ду дидоре, ки анҷом пазируфт, тимҳои меҳмон шаҳди пирӯзӣ чашиданд.

Дар доираи бозиҳои даври аввали Премер-Лигаи Россия бошгоҳи футболи “СКА Хабаровск” дар замини худ тими “Зенит”-и Санкт Петербургро пазируфт. Қисми аввали дидор бидуни гол поён ёфта, дар дақиқаи 52-юми ҳунарозмоӣ ниммуҳофизатгари 24-солаи меҳмонон Далер Кузяев, дар нафасҳои нахусти пайти дуюм ба майдон баромада буд, аз масофаи дур тӯбро таслими тӯри дарвозаи мизбонон сохт. Дар дақиқаи 81-уми рақобат бошад, ҳамлагари петербургиҳо Александр Кокорин аз партофти ҳамдастааш Олег Шатов самаранок истифода бурда, афзалияти дастаашро дуболо намуд. Мизбонон дар чанд маврид имкони хуби голзаниро фароҳам оварданд, аммо зарбаҳояшон бидуни натиҷа буду беоқибат. Ҳамин тариқ, бошгоҳи Зенит нахуст бозиашро дар Чемпионати Россия бо ҳисоби  0:2 дар сафар бо пирӯзӣ шуруъ кард.

Бозии дигари даври аввали мусобиқа рақобати тимҳои “Рубин” ва “Краснодар” ба шумор мерафт. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Қазон Арена” сурат гирифта, бо ғалабаи меҳмонон ба анҷом расид. Дар дақиқаи 17-уми нерусанҷӣ ҳамлагари “Краснодар” Рикардо Лаборде баъди як бозигузории зебо дарвозаи мизбононро рахна сохта, ба задани гол даст ёфт. Дар дақиқаи 33-юми сабқат футболбози номбурда бо истифода аз маҳорати инфиродии худ, голи дуюми тимашро ба самар расонда, ба номаш голи дуболо ё ба истилоҳи дигар дублро сабт кард. Дар дақиқаи 72-юми қувваозмоӣ бошад, нимуҳофизатгари бошгоҳи “Рубин” Максим Лестйенн бозии волои варзишӣ нишон дода, аз канори рости майдон бо фиреби чанд тан футболбози рақиб аз маркази ҷаримагоҳ дарвозаи  меҳмононро рахна сохт. Дигар мухлисон шоҳиди задани гол нашуданд ва бозӣ бо натиҷаи 1:2 ба суди тими “Краснодар” ба анҷом расид. 

Чемпионати Россия. Даври 1-ум

"СКА-Хабаровск" - "Зенит" (Санкт-Петербург) - 0:2 (0:0) 

Голҳо: Кузяев, 52 (0:1). Кокорин, 81 (0:2). 

"СКА-Хабаровск": Довбня, Эдиев, Пуцко, Гришко, Черевко (Савичев, 74), Баляйкин (Друзин, 90+3), Дедечко, Казанков (Федотов, 85), Корян, Никифоров, Лескано.

"Зенит": Лунев, Смольников, Нету, Иванович, Кришито, Шатов (Эрнани, 90+2), Паредес, Жулиану (Дриусси, 74), Ерохин (Кузяев, 46), Кокорин, Дзюба.
"Рубин" (Казан) – "Краснодар" – 1:2 (0:2)

Голҳо: Лаборде, 17 (0:1). Лаборде, 33 (0:2). Лестенн, 72 (1:2).

"Рубин": Рижиков, Кузмин, Бурлак, Гранат, Камболов, Кудряшов, М`Вила, Оздоев, Рочина (Лестьенн, 46), Гекдениз (Азмун, 62), Канунников (Жонатас, 74).

"Краснодар": Синитсин, Петров, Гранквист, Мартинович, Рамирес, Подберезкин, Шишкин, Газинский (Жигулев, 74), Перейра (Классон, 61), Вандерсон Масиэл, Лаборде (Сулейманов, 90+2).