Ҷоизаи 22-юмини Гвардиола

Ҷоизаи 22-юмини Гвардиола

Гвардиола дар бозии финалии Ҷоми Лигаи Англия ҷоизаи 22-юмини худро дар фаъолияти мураббигии худ ба даст овард. Ҳамзамон аз 11 бозии финалии таҳти роҳбарии ӯ, дар 10-тоаш ғолиб омадааст. Дирӯз «Манчестер Сити» «Арсенал»-ро дар финали Ҷоми Лигаи Англия бо ҳисоби (3:0) мағлуб намуд. Ҷоизаи ба дастоварда барои сармураббии "шаҳриҳо" Хосеп Гвардиола дар Англия аввалин мебошад. Дар маҷмӯъ , ин ҷоиза барои мутахассиси 47-солаи испанӣ, дар фаъолияти мураббигии ӯ 22-юмин ҷоиза ба ҳисоб рафта, аз 11 бозиҳои финалие, ки вай роҳбарӣ намудааст, дастаҳои зери роҳбарии ӯ буда, дар 10-тои он ғолибият ба даст овардаанд.

Таҳияи Раҳимов Орзу