Ғолибияти Чонбук Моторс дар Лигаи Қаҳрамонҳои қитъаи Осиё

Ғолибияти Чонбук Моторс дар Лигаи Қаҳрамонҳои қитъаи Осиё

Як бозии дигар дар доираи марҳилаи ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳои қитъаи Осиё баргузор гардид. Ду дастаи футболи як кишвар “Чонбук Моторс” ва “Сеул”, ки аз Куриёи Ҷанубӣ мебошанд, барои ба даст овардани як роҳхат талош доранд.

Дар дидори аввал клуби футболи “Чонбук Моторс” меҳмонаш тими футболи “Сеул”-ро қабул намуд. Дар дақиқаи 22-юми дидор Леонардо бозингари “Чонбук Моторс” аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро боз намуд. Дар қисми аввали бозӣ голи дуюми соҳибони майдонро ба дарвозаи “Сеул” футболбози дигари бразилӣ Рикардо Лопес зад. Қабл аз ба танафус баромаданд ин ду футболбози бразилии дастаи “Чонбук “Моторс” Лопес ва Леонардо як голии дигарро таслими дарвозаи меҳмонон карданд. Голи сеюмро Леонардо марбути номи худ сохт.

Дар оғози нимаи дуюми сабқат Ҷу Се-ҷонг ягона голи дастаи “Сеул”-ро ба дарвозаи соҳибони замин зад. Нуқтаи ниҳоиро дар ин дидор Ким Шин-вук гузошт ва ҳамин тариқ тими “Чонбук Моторс” дар дидори аввали марҳилаи нимниҳоии Лигаи Чемпионҳои қитъаи Осиё бо ҳисоби 4:1 ҳарифи асосиаш “Сеул”-ро мағлуб намуд. Бозии ҷавобӣ рӯзи 19-уми Октябр доир мегардад.