Ғолибони даври 4-уми мусобиқаи тенниси US Open – 2016

Ғолибони даври 4-уми мусобиқаи тенниси US Open – 2016

Чоҳорумин муосбиқоти “Кулоҳи бузург” таҳти унвони US Open дар шаҳри Ню-Йорки ИМА оғоз гардид.


Пирӯзии Марин Чилич

Теннисбзи хорватӣ Марин Чилич боз иштирокчии мусобиқаи US Open – 2016 гардид. Ӯ дар оғози мусобиқа бар муқобили намояндаи Бразилия Рожер Дутра да Силва вориди майдон шуд ва дар се пайт бо ҳисоби 7:5, 6:1 ҳарифро шикаст дод. Ҳарифон дар корт мудати як соату 58 дақиқа қувваозмоӣ намуданд. Дар ҳисоби Чилич 12 эйс, 23 виннер ва 6 брейк-пойнт номнавис гардид. Дутра да Силба бошад, танҳо 3 эйс карду ба 10 иштибоҳи дуболо роҳ дод. Ӯ 15 виннер анҷом дода, танҳо аз 4 имконияти брейк-пойнт дар дутояш муваффақ шуд. Акнун дар даври 2-юм Чилич бо ғолиби ҷуфти Сергей Стаховский аз Украина ва Гаштао Элиаш аз Португалия рақобат мекунад. 


Гаэл Монфис Жил Мюллерро шикаст дод.

Теннисбози фаронсавӣ Гаэл Монфис низ бозии аввали худро дар Чемпионати кушодаи ИМА бо пирӯзӣ паси сар намуд. Дар даври якуми мусобиқа Монфис намояндаи Люксембург Жил Мюллерро дар се сет шикаст дод. Бозӣ бо ҳисоби 6:4, 6:2, 7:6 ба суди Монфис паси сар шуд. Бозии варзишгарон дар корт давоми 2 соат идома кард. Монфис 6 партофти софи имтиёзовар анҷом дода, аз 8 имконияти брейк-пойнт дар 3 тояш муваффақ омад. Инчунин ӯ 34 виннер анҷом дод, аммо 17 маротиба хатои ғайриинтизор содир намуд. Мюлер бошад, 5 эйс кард, аммо аз ду имконяити брейк-пойнт истифода карда натавонист. Барои баромадан ба даври 3-юм Монфис бо Ян Сатрал аз Чехия ва Маккензи Макдоналд аз ИМА қувва меозмояд. 

Каролина Вознятски миёни занон дастболо шуд.

Аз миёни занон теннисбози даниягӣ Каролина Вознятски бо мушкилӣ бар ҳарифи худ намояндаи мизбон Тэйлор Таунсенд пирӯз омад. Пайти аввал бо ҳисоби 6:4 ба суди варзишгари амрикоӣ сипарӣ шуд. Вале баъдан Вазнятский рафти бозиашро тағйир дода, ду пайти дигарро бо бартарии зиёд анҷом дод. Ҳисоб 6:3, 6:4. Ҳамакнун дар даври навбатӣ Каролин Вазнятски бо теннисбози рус Светлана Кузнетсова рақобат мекунад.