Ғолибони мусобиқаи шоҳмот муайян шуданд

Ғолибони мусобиқаи шоҳмот муайян шуданд

Бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб дар толору мадончаҳои варзишӣ байни гурӯҳҳои таълимии мактабҳои варзишӣ мусобиқаҳои гуногун аз ҷумла шоҳмот баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишгарони наврас ташкилу роҳандозӣ карда шуд, ки шумораи зиёди наврасон дар ин тадбири варзишӣ ба ҳам омаданд. Тавре иттилоъ дода шуд роҳандозии чунин тадбирҳои варзишӣ байни кӯдакону наврсон дар давраи таътили тобистона ҳамасола аз ҷониби масъулини соҳа гузаронида мешавад ва дар ин мусобиқаҳо шумораи зиёди хоҳишмандон ширкат меаварзанд. Мусобиқаи шоҳмот байни духтарон, писарон ва даставӣ роҳандозӣ гардид, ки дар ин тадбири варзишӣ дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб ҷои якум, дастпарварони мактаби варзишии рақами 3 зинаи дуюм ва тарбиятгирандагони хонаинтернати шаҳри Кӯлоб мақоми сеюмро ишғол намуданд. Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон дар ҳайати даставӣ ва инфиродӣ аз ҷониби масъулони баргузории мусобиқа бо нишону ифтихорнома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи дастандаркрон сарфароз гардонида шуданд.