“Олтин Асир” ба Душанбе омад

“Олтин Асир” ба Душанбе омад

Дастаи “Олтин Асир”, қаҳрамони секаратаи Туркманистон, субҳи имрӯз, 29 май, барои бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 муқобилитими“Истиқлол”, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон, ба Душанбе омад.

Ба ҳайати бошгоҳи “Олтин Асир” 25 нафар, аз он ҷумла 19 бозигар, шомиланд, ки дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҷойгир шудаанд. Футболбозони туркман бегоҳи имрӯз дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин мекунанд. Бозии дастаи “Истиқлол” дар даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC дар гурӯҳи “D” бо тими «Олтин Асир» 31 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шуруъ мешавад.

Бояд тазаккур дод, бар асоси дастури мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ меёбад. Барои роҳхати ягона дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” талош доранд. Тақдири роҳхат дар даври охирин дар бозӣ миёни ин ду даста ҳал хоҳад шуд.