Омодагии варзишгарон ба чемпионати ҷаҳон оид ба панкратион

Омодагии варзишгарон ба чемпионати ҷаҳон оид ба панкратион

Дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон аз 29-уми сентябр то 2-юми октябри соли ҷорӣ чемпионати ҷаҳон оид ба панкратион баргузор мегардад. Дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар варзишгар бо роҳбарии президенти Федератсияи панкратиони мамлакат Восеъ Исупов иштирок хоҳад кард.

Омодагии варзишгарони тоҷик Нурулло Алиев (76кг), Сорбон Камолов (69 кг), Сомони Баҳодур (29кг), Ислом Холмуродов (22кг) ва Восеъ Исупов (71кг) ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба панкратион баргузор мегардад, ҷараён дорад.

Тамринҳои варзишгарони тоҷик ҳар рӯз дар толори варзишии Динамит ба роҳ монда шудааст. Барои дар сатҳи хуб омода намудани нафароне, ки дар мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунанд, мураббӣ Восеъ Исупов вақти бештарро сарф мекунад, то шогирдони худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.

Мураббӣ Восеъ Исупов, ки худ чандин маротиба дар мусобиқоти сатҳи баланд, алалхусус Ҷоми ҷаҳон дар соли 2013, мусобиқаи байналмилалии касбӣ оид ба К-1 соли 2014, Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ИДМ ва Чемпионати Осиё иштирок ва ҷоизадор гардидааст, кӯшишу талоши бештар мекунад, то дастпарварони ӯ низ ба чунин натиҷаҳо даст ёбанд.

Тамринҳои варзишгарони тоҷик ба ҷуз омухтани роҳу усули навъи варзиши панкратион, ҳамчунин дар толори обу тоби бадан низ сурат мегиранд. Зеро риштаи варзиши панкратион дар баробари дигар навъҳои варзиш рӯҳ ва ҷисми пурқуввати касро талаб мекунад.

Бо вуҷуди оне, ки Федератсияи панкратион дар Тоҷикистон ба наздикӣ ба фаъолият оғоз кард, наврасону ҷавонони зиёд дар ин риштаи варзиш ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Хотирасон мекунем, ки аз 29-уми сентябр то 2-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон чемпионати ҷаҳон оид ба панкратион баргузор мегардад, ки дар он мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар варзишгар иштирок хоҳад кард. Мо низ ба нафароне, ки Тоҷикистони азизиро дар чунин мусобиқоти сатҳи баланд муаррифӣ мекунанд, муваффақият тамано дорем.