Омодагии варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон оид ба панкратион

Омодагии варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон оид ба панкратион

Охири моҳи октябри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузории Чемпионати ҷаҳон дар риштаи панкратион дар назар аст. Ба ин чорабинии бонуфуз мунтахаби кишвар таҳти роҳбарии мураббии шинохта Восеъ Исупов омодагӣ дорад. Панкратион – яке аз намудҳои варзиши маъмулу маъруф дар ҷаҳон мебошад, ки Федератсияи он дар Тоҷикистон низ фаъолият мебарад. Мураббии кордону корозмуда Восеъ Исупов роҳбарии Федератсияи панкратионро бар дӯш дорад.  Тайи чанд соли ахир дастпарварони мураббии номбурда дар маъракаҳои сатҳи гуногун иштирок намуда,  ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Ҳоло дар толори Динамит омодагии варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ҷараён дорад. Андешаву азми варзишгарони соҳибноми кишвар ин аст, ки онҳо дар Сочи ба дастовардҳои шоиста ноил шаванд.   Эмом Бобохонов – унвони қаҳрамониро дар Тоҷикистон ба даст оварда бошад ҳам, боре дар мусобиқоти берун аз кишвар худро то бад-ин дам наозмудааст. Бо вуҷуди ин ӯ умедвор аст, ки аз ин маъракаи интизор бидуни дастмуза ба Ватан бар намегардад. Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистон дар ин риштаи варзиш қаҳрамони ҷаҳон дорад. Варзишгари шинохтаи мо Нурулло Алиев соли гузашта аз Чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Ярославли Федератсияи Россия баргузор шуда буд, медали тилло овард. Мо низ ба тими мунтахаби Тоҷикистон, ки аз 10 тан варзишгари соҳибҳунари риштаи мазкур мураттаб шуда, дар ин чорабинии бонуфузи ҷаҳонӣ  иштирок мекунад, фатҳи қуллаҳои баландро таманно мекунем.