Оё Дембеле дар Эл-Класико ба майдон мебарояд ё на?

Оё Дембеле дар Эл-Класико ба майдон мебарояд ё на?

Сафдари бошгоҳи “Барселона” Усмон Дембеле баъд аз ҷароҳати тӯлонӣ пурра омода шуда, ба сафи ҳайати асосии даста баргашт ва бе ягон мушкилӣ тамринҳои худро баргузор намуд, хабар медиҳад сомонаи расмии “Marca”. Тибқи маълумоти сарчашма Усмон имконият дорад, то ки дар бозии даври 17-уми Ла Лига бар муқобили бошгоҳи “Реал”-и Мадрид вориди майдон шавад.  Вохӯрӣ байни дастаҳо санаи 23-юми декабр дар варзишгоҳи овозадори “Сантияго Бернабеу” дар назар аст.  Аз ҳамин лиҳоз роҳхат гирифтани Дембеле дар бозӣ бар зиддӣ “Департиво” (18/12/2017, 00:45) зери суол қарор дорад. Дар мавсими ҷорӣ Усмон ҳамагӣ дар ду бозии “нилунориҳо” ба майдон баромада, ба номи худ як партофти головар созмон додааст.