Озил бозигари беҳтирни сол дар Олмон

Озил бозигари беҳтирни сол дар Олмон

Хадамоти Федератсияи футболи Олмон хабар дод, ки нимҳимоятгари бошгоҳи “Арсенал” Месут Озил беҳтарин бозиграи соли 2016 дар Олмон эълон гардид. Хавбеки 28 сола дар маросими овоздиҳи 54,5 миқдори овозҳоро аз худ намуда ба зинаи аввал баромад. Ҷои дуюм дар ин маросими овоздиҳи ба нимҳимоятгари “Реал” Тони Кроос бо касб намудани 33,9 овоз рост омад. Зинаи сеюм бошад насиби дифоъгари дастаи “Кёлн” Йонс Хектор шуд. Бояд қайд кард, ки Озил маротибаи панҷум аст, ки ба гирифтани ин ҷоиза сарфароз гардонида мешавад.