Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Тошканд 3 медал гирифтанд

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Тошканд  3 медал гирифтанд

11-14-уми апрел дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор гашт.

Дар мусобиқа 421 варзишгар миёни наврасон, 355 варзишгар миёни ҷавонон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат намуданд. Ҷумҳурии моро миёни наврасон 32 паҳлавон ва миёни ҷавонон 52 паҳлавон намояндагӣ карда, ба гирифтани 3 медал: 1 нуқра, ду биринҷӣ, мушарраф гардиданд.

Медали нуқраро Муқтадири Бобоҷон дар вазни -66 кг миёни ҷавонон ба даст овард. Дар ин синну сол Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг) медали биринҷӣ гирифт. Медали дигари биринҷиро Мадина Қурбонзода (-52 кг) байни наврасон соњиб шуд.