Паулиню: Бозӣ кардан бо беҳтарин футболбози ҷаҳон ифтихор аст

Паулиню:  Бозӣ кардан бо беҳтарин футболбози ҷаҳон ифтихор аст

Ниммуҳофизатгари «Барселона» Паулиню пас аз бозии даври 5-уми Ла Лига бо «Эйбар» (6:1) иброз дошт, ки уро дар «Барселона» хуб пазируфтаанд. Ҳамчунин аз бозӣ кардан бо Лионел Месси дар як даста ифтихор намуд. Бояд гуфт, ки Паулиню дар вохӯрӣ бо «Эйбар» як гол ва як паси голи анҷом дод. Месси бошад, ба номи худ «покер»-ро сабт намуд. Паулиню: “ Аз оне, ки маро дар «Барселона» хуб пазируфтаанд минатдорам”. Бозӣ кардан бо футболбозони бузург барои ман хушбахтист. Ҳамдастагонам маро кумак мекунанд то, ки ман дар даста худро роҳат ҳис кунам.  Ман аз  муомилаи онҳо дар инҷо хеле хушҳолам. Месси ? Бозӣ кардан бо беҳтарин футболбозӣ ҷаҳон бароям фахр аст.