Пирӯзӣ дар бозии дӯстона

Пирӯзӣ дар бозии дӯстона

Дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон дар се бозии дӯстона бар тими мунтахаби ҷавонони Қирғизистон ғолиб омаданд. Ҳарсе бозӣ рӯзҳои 24-26-уми октябр дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»-, воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барпо шуданд. Футзалистони Тоҷикистон дар се бозии дӯстона бар тими мунтахаби ҷавонони Қирғизистон пирӯз шуданд. рақобатҳо аз сани 24-ум оғоз шуда, то сани 26-уми октябр идома карданд. Ду бозӣ бо ҳисоби ҳамсони 6:3 ва бозии ниҳоӣ бо ҳисоби 6:5 ба фоидаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон анҷом пазируфт. Ёдрас мешавем, ки бозиҳои мазкур дар доираи омодагиҳои даста ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2017 баргузор шуданд.