Ду ғалабаи мушкили пешсафони ҷадвали Ла Лигаи Испания

Ду ғалабаи мушкили пешсафони ҷадвали Ла Лигаи Испания

Дар даври 24-уми чемпионати Испания дастаи “Барселона” дар варзишгоҳи “Висенте Калдерон” бо тими “Атлетико Мадрид” дидор анҷом дод. Ин бозӣ хеле ҷолибу тамошобоб сурат гирифта, бо ҳисоби 1:2 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт. Голи аввалини нилунориҳоро нимҳимоятгари бразилӣ Рафиния дар дақиқаи 64-уми рақобат ба ҳадаф расонд. Пас аз чор дақиқа бо патофти зебои футболбози “Атлетико” Коке ҳамдастаи ӯ Годен бо зарбаи сар тӯбро вориди дарвозаи тер Штеген намуд. Баъди мусовӣ шудани бозӣ дастаҳо рақобати шадид нишон доданд. Ҳамлаҳои пай дар пайи шогирдони Луис Энрике самар доду дар дақиқаҳои охири дидор аниқтараш дар дақиқаи 86-уми бозӣ Месси голи ғалабаоварро ба ҳадаф расонида, дастаашро аз шикаст раҳо сохт. Каталониҳо баъди даври 24-уми бозӣ бо доштани 54-имтиёз дар зинаи 2-юми ҷадвали мусобиқаи Чемпионати Испания қарор доранд. Дастаи “Атлетико” бошад, бо дарёфти 45 имтиёз зинаи 4-уми ҷадвали мазкурро аз худ кард.

Чемпионати Испания. Даври 24-ум

"Атлетико" – "Барселона" – 1:2 (0:0)

Голҳо: Рафиния, 64 (0:1). Годин, 70 (1:1). Месси, 86 (1:2).

"Атлетико": Облак, Врсалко, Годин, Савич, Филипе Луис, Саул, Габи, Коке, Феррейра-Карраско (Фернандо Торрес, 68), Гризманн, Гамейро (Корреа, 73).

"Барселона": тер Штеген, Серхи Роберто (Андре Гомиш, 85), Пике, Юмтити, Мате (Дин, 77), Бускетс, Рафиня, Иниеста (Ракитич, 71), Месси, Л. Суарес, Неймар.


"Вилярреал" - "Реал" - 2:3 (0:0)

Голҳо: Тригерос, 50 (1:0). Бакамбу, 56 (2:0). Бэйл, 64 (2:1). Криштиану Роналду, 74 - пен (2:2). Мората, 83 (2:3).

"Атлетик" - "Гранада" - 3:1 (2:1)

Голҳо: Сусаэта, 11 (1:0). Карсела-Гонсалес, 14 (1:1). Лекуэ, 33 (2:1). Сан-Хосе, 69 (3:1).

"Спортинг" – "Селта" – 1:1 (0:0)

Голҳо: Мойсес Гомес, 49 – пен (1:0). Аспас, 75 (1:1).

"Эспанйол" – "Осасуна" – 3:0 (1:0)

Голҳо: Кайседо, 17 (1:0). Хурадо, 46 (2:0). Морено, 90+1 (3:0).

"Эйбар" - "Малага" - 3:0 (1:0)

Голҳо: Адриан Гонсалес, 43 (1:0). Адриан Гонсалес, 50 - пен (2:0). Серхио Энрич, 52 (3:0).

"Леганес" – "Депортиво" – 4:0 (2:0)

Голҳо: Шимановски, 19 (1:0). Мантовани, 30 (2:0). Лопес, 81 (3:0). Буэно, 90+1 (4:0).

"Бетис" – "Севиля" – 1:2 (1:0)

Голҳо: Дурмиси, 36 (1:0). Меркадо, 56 (1:1). Иборра, 76 (1:2).

"Алавес" - "Валенсия" - 2:1 (0:0)

Голҳо: Солер, 70 (0:1). Ибаи Гомес, 78 (1:1). Катаи, 86 (2:1).

"Лас-Палмас" - "Реал Соседад" - 0:1 (0:0)

Гол: Хаби Прието, 74 (0:1).