Пирӯзии бузурги «Арсенал» зидди «Челси» дар даври 29-уми Премер-лигаи Англия

Пирӯзии бузурги «Арсенал» зидди «Челси» дар даври 29-уми Премер-лигаи Англия

Бозии даври 29-уми Премер-лигаи Англия дар варзишгоҳи «Эмирейтс — Эшбертон Гроув» миёни дастаҳои «Арсенал» ва «Челси» бо ҳисоби бузурги 5:0 хотима ёфт.

Дар дақиқаи панҷуми рақобат ҳамлавари канории мизбонон Леандро Троссард ба кушодани ҳисоб даст ёфт. Дар дақиқаи 52-юм голи дуюми мизбононро Бен Уайт ба самар расонида, дар дақиқаи 57-ум бошад Кай Хаверс сеюмин голи бозиро ба самар расонид. Дар дақиқаи 65-ум бошад Хаверс голи дуюми хешро зад. Голи панҷуми «Арсенал» ва дуюмин голи Уайт бошад дар дақиқаи ҳафтодуми рақобат ба қайд гирифта шуд.

Баъди 34 бозии чемпионати Англия «Арсенал» 77 хол ба даст оварда, дар зинаи якум қарор дорад. «Челси» баъди 32 бозӣ бо 47 хол дар зинаи нӯҳуми ҷадвал ҷойгир аст.

Мавсими ҷории Премер-лигаи Англия ин дастаҳо бори нахуст дар даври нӯҳум ба ҳам омада, бозӣ бо ҳисоби 2:2 хотима ёфта буд. Дар сафи «кабудҳо» муаллифи голҳо Коул Палмер ва Михаил Мудрик шуда, дар ҳайати «канонирҳо» бошад голҳоро Деклан Райс ва Леандро Троссард ба самар расониданд.

Англия - Премер-лига. Даври 29-ум

24-уми апрели соли 2024, сешанбе. 00:00 ДШБ

Арсенал 5 : 0 Челси

1:0 Троссард – 4' 2:0 Уайт – 52' 3:0 Хаверс – 57' 4:0 Хаверс – 65' 5:0 Уайт – 70'