Пирӯзии Федерер бар Зверев
Ракеткаи 5-уми ҷаҳон теннисбози муқтадири швейтсарӣ Роҷер Федерер бо шикаст додани намояндаи Олмон Миша Зверев роҳи худро ба даври ¼ ниҳоии мусобиқаи АТР Галле ҳамвор кард. Миша Зверев, ки феълан дар раддабандии теннисбозони касбӣ мавқеи 29-умро ишғол мекунад, танҳо дар пайти аввал имкони муваффақ шуданро бар ин ҳарифи пурқувват дошт, вале бо таносуби як гейм шикаст хурд. Бозӣ дар ду пайт бо ҳисоби 7:6 ва 6:4 ба суди Федерер анҷом ёфт.
Мусобиқаи ATP Gerry Weber Open. Халле (Олмон)
Федерер (Швейтсария, 1) - Зверев М. (Олмон) - 7:6 (7:4), 6:4
Майер Ф. (Олмон) - Пуйе (Фраронса, 6) - 6:7 (6:8), 6:4, 6:3