Пирӯзии ракеткаи якуми ҷаҳон дар Шанхай

Пирӯзии ракеткаи якуми ҷаҳон дар Шанхай

Беҳтарин теннисбозони дунё дар майдондории сатҳи ҷаҳонӣ таҳти унвони “Мастерс-1000”- Шанхай ба қасди номҷӯӣ вориди рақобат гардидаанд. Ракеткаи якуми ҷаҳон Рафаэл Надал бо шикаст додани Фабио Фонинии варзишгари пуртаҷрибаи итолиёӣ роҳи худро ба даври ¼ ниҳоӣ рӯшан кард. Дидори варзишгарон дар яке аз майдонҳои муҳташами Шанхай ҷолибу диданӣ сурат гирифта, дар ду пайт бо ҳисоби 6:3 ва 6:1 ба суди теннисбози испанӣ паси сар шуд. Фонини дар ин дидор боре ҳам ба иҷрои брейк-пойнт муваффақ наомад. Акнун дар даври ¼ ниҳоӣ Надалро теннисбози булғористонӣ Григор Димитров интизор аст.

Мусобиқаи ATP Shanghai Rolex Masters. Шанхай (Чин). Мардҳо. Даври сеюм

Надал (Испания, 1) – Фонини (Италия) – 6:3, 6:1