Пирӯзии «Шахтёр» ва «Манчестер Сити» бар «Наполи» ва «Фейеноорд» (Видео)

Пирӯзии «Шахтёр» ва «Манчестер Сити» бар «Наполи» ва  «Фейеноорд» (Видео)

Дар бозии марҳилаи аввали рақобатҳои гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳо, дар гуруҳи “F” дастаҳои “Шахтёр” – и Донетск ва “Наполи”, дар варзишгоҳи “Металлист” – и шаҳри Харков дидор анҷом доданд. Рақобати ин дастаҳо бо ҳисоби 2-1 ба нафъи мизбонон хотима ёфт.
Дар ҳайати ғолибон голҳоро Тайсон ва Факундо Феррейра ба ҳадаф расонданд. Аз ҳаяти дастаи итолиёвӣ бошад, Аркадиуш Милик голро ба номи хеш сабт намуд.
Дар бозии дигари ҳамин гурӯҳ дастаи “Фейеноорд”-и Голлландия дар майдони хеш “Манчестер Сити” – ро қабул намуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 0:4 ба нафъи англисҳо хотима ёфт. Голҳоро Серхио Агуеро, Габриел Жезус ва 2 голи дигарро бошад, ҳимоягари даста Ҷоун Стоунс ба самар расонданд.


Лигаи Чемпионҳо. Даври гурӯҳӣ. Гурӯҳи “F”

"Шахтёр" (Украина) - "Наполи" (Италия) - 2:1 (1:0)
Голҳо: Тайсон, 15 (1:0). Феррейра, 58 (2:0). Милик, 72 - аз пеналтӣ (2:1).

"Фейеноорд" (Ҳолланд) - "Манчестер Сити" (Англия) - 0:4 (0:3)
Голҳо: Стоунс, 2 (0:1). Агуэро, 10 (0:2). Габриэл Жезус, 25 (0:3). Стоунс, 63 (0:4).